Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:22

Ҳукумат ба ширкати «Барқи тоҷик» мӯҳлат дод. То 1-уми ноябри соли 2014

27 январ 2012, 06:34

Ҳукумати Тоҷикистон барои рӯйпӯш кардани қарздорӣ дар назди буҷет ба ширкати «Барқи тоҷик» то 1-уми ноябри соли 2014 мӯҳлат додааст.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ расид, қарори дахлдор дар ин бора 4 ҳафта пеш қабул гардидааст. Масъулини «Барқи тоҷик» дар ин робита изҳор доштанд, ки тамоми чораҳоро барои пардохти андоз ва бақияпулиҳои он андешида истодаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, айни ҳол ширкат дар назди буҷет 241,4 миллион сомонӣ қарздор аст, ки аз ин 170 миллионашро ҷаримаҳо барои саривақт пардохт накардани андозҳо ташкил медиҳанд. Сарчашмаи хабар таъкид  мекунад, ки пардохти андозҳо дар соли 2011 аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» нисбат ба соли 2010 ба маблағи 170,2 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2009,  280,2  миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.  
- Сарфи назар аз вазъи душвори молиявӣ ширкат тайи соли 2011-ум андозҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба маблағи 349,7 миллион сомонӣ пардохт карда, қарзи солҳои пешинаро ба маблағи 84,7 миллион сомонӣ кам кардааст,-изҳор медоранд, масъулини «Барқи тоҷик».
Манбаъ аз Кумитаи андоз коҳиши қарзи «Барқи тоҷик»-ро тасдиқ карда, таъкид намуд, ки ин камшавӣ асосан аз ҳисоби қарори ҳукумат сурат гирифтааст, ки қисмате аз қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик»-ро бахшидаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!