Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 11:41

ВКХ: Ифтитоҳи намояндагии ҳаракати «Толибон»-ро ҷонибдорӣ мекунем

27 январ 2012, 09:03

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии «Толибон»-ро дар Қатар ҷонибдорӣ мекунад.


Бо таваҷҷӯҳ ба ин Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар он сурат ифтитоҳи чунин намояндагиро ҷонибдорӣ мекунанд, ки он ба таъмини сулҳ мусоидат кунад:  «Сулҳу субот дар Афғонстон бояд бо роҳи мусолиҳаи миллӣ ҳал гардад ва Толибон низ як ҷонибе мебошанд, ки бояд дар ин мусолиҳаи миллӣ ширкат варзанд».
Низомиддин Зоҳидов, мегӯяд воқеият ин аст, ки ҳузури НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дар таъмини сулҳи Афғонистон хеле муассир аст ва мо набояд аз ин чашм бипӯшем. Ба боварии номбурда, аз ҳамин хотир ҳукумати Афғонистон силсилаи гуфтушунидҳо ва шартномаҳоро бо Иттиҳоди Аврупо дар садади ба имзо расонидан аст. Зоҳидов афзуд, имрӯз бо ифтитоҳи намояндагии «Толибон» як нишоние пайдо шудааст, ки метавон бо онҳо гуфтушунид ва мулоқот кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!