Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Маркази гармидиҳии Душанбе ҳамагӣ бо 15 фоизи иқтидор кор мекунад

27 январ 2012, 09:40

Умаралӣ Ниёзова, сардори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ин сохтор наметавонад пойтахтро пурра бо гармӣ таъмин намояд, зеро ҳамагӣ бо 15 фоизи иқтидораш кор карда истодааст.


Ниёзов сабаби пурра истифода нашудани иқтидори Марказро ба камбуди сӯзишворӣ рабт дод. Вай мегӯяд: «Дегхонаҳои ғарбию шарқӣ айни ҳол омодаи коранд, вале сӯзишворӣ намерасад. Сӯзишвории асосӣ, ин гази табиӣ аст, ки аз Ӯзбакистон вақтҳои охир бо маҳдудият ворид мешавад. Имкониятҳои мавҷуда танҳо барои таъмини қисмани ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе басанда асту халос. Ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ комилан аз гармӣ маҳруманд».
Ин дар ҳолест, ки ахиран парлумони  Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти Маркази барқу гармидиҳӣ дар фасли сармои ҷорӣ буҷети давлатро аз 27,7 миллион сомонӣ маҳрум намуд. Парлумон имкон дод, ки ширкати «Барқи тоҷик» зимни воридоти 30 ҳазор тонна мазут, барои  фаъолияти Марказ аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои аксизӣ озод гардад.
Ёдрас менамоем, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо иқтидори 198 мегаватт соли 1968 ба истифода дода шуда, асосан бо гази табиӣ ва мазут фаъолият мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!