Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:10

5+1 аз Эрон даъват мекунад. Барои ҳамкорӣ

30 январ 2012, 06:08

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун  дар як конфронси хабарӣ, ки барои баррасӣ намудани иқтисоди ҷаҳонӣ баргузор гардид, аз кишварҳои 5+1 (Амрико, Русия, Чин,  Фаронса, Британия ва Олмон) ва Эрон дархост намуд, ки ҳар чӣ зудтар гуфтушунидҳои худро  дар бораи барномаҳои  ҳастаии Эрон оғоз намоянд.


Ин дар ҳолест, ки рўзи 26-уми декабр Маҳмуд Аҳмади Нажод, райисҷумҳури Эрон  зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Эрон омодааст, дар бораи барномаҳои ҳастаиаш бо кишварҳои Ғарб гуфтушунид намояд.
Дар ҳамин ҳол, Виктория Нуланд, сухангўи вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегўяд, омодагии Эрон дигар кофӣ нест. Мо аз Эрон хоста будем, то аз захира намудани уран даст бикашад, аммо ба ин нигоҳ  накарда, барномаҳои худро идома дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!