Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:32

Таҳлил: Дар вилоёти Хатлону Бадахшон рақобат хеле паст аст

31 январ 2012, 05:02

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар паи омўзиши бозори хизматрасониҳои тиббии пулакӣ дар ҷумҳурӣ, сатҳи рақобатро дар ин соҳа дар вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон хеле паст арзёбӣ карданд.


Тавре аз Хадамоти мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, айни ҳол дар  бозори хизматрасонии тиббии пулакӣ дар ҷумҳурӣ бо иҷозатномаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон 456 субъект, аз ҷумла 191 шахсони ҳуқуқӣ ва 256 шахсони воқеӣ фаъолият  доранд. Аз миқдори умумии хизматрасонҳои тиббии пулакӣ ба шаҳри Душанбе 172 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 77 адад, вилояти Суғд 122 адад, вилояти Хатлон, аз ҷумла Қӯрғонтеппа 48 ва Кўлоб 29 адад ва ВМКБ ҳамагӣ 8 адад рост меоянд.
Бино ба қавли манбаъ, ин субъектҳои иҷозатномадор асосан ба хизматрасониҳои тиббии пулакӣ дар бахшҳои стоматология, ташхиси ултрасадо, косметология, гинекология, урология, сўзандорумонӣ ва ғайра машғул мебошанд. Намояндагони Хадамот мегўянд, нархномаи хизматрасонии ин муассисаҳоро зери назорат қарор дода, то ҳадди имкон паст намуда, баъд ба мувофиқа мерасонанд. Дар маҷмўъ масъулини Хадамот таъкид мекунанд, ки дар ин сегменти бозор ҳолати рақобатпазирӣ мўътадил буда, субъектҳое, ки мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, ба мушоҳида намерасанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!