Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:38

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳисобу китоби тоҷиронро зери назорат гирифтанист

31 январ 2012, 08:43

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон лоиҳаи Низомнома дар бораи ташаккули нархҳои молу маҳсулоти ниёзи аввалияро таҳия, бо вазоратҳои дахлдор мувофиқа ва барои тасдиқ ба ҳукумат супоридаст.


Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мақсади таҳияи Низомномаро пешгирии ҷаҳишҳои беасос дар бозори маҳсулоти аввалиндараҷаи кишвар номид. Ба гуфтаи Тағоймуродов ҳуҷҷати мазкур ба масъулини давлатӣ асоси ҳуқуқӣ медиҳад, ки аз тоҷирон асоснокии нархашонро талаб кунанд.
Вай мегўяд: «Айни ҳол фарқ миёни арзиши аслии мол ва нархҳои он дар бозор зиёд аст. Касе чи хеле хоҳад нарх монда истодааст. Аммо зарур аст, ки соҳибкор таркиби сохтору ташаккули нархро пешниҳод намояд. Бо кадом нарх харидаст ва бо кадом нарх ба фурўш мондаст.  Вақте тоҷир таркиби нархро пешниҳод мекунаду он асоснок бошад, касе ўро маҷбур карда наметавонад, ки молашро ба зарари худ фурўшад».
Тағоймуродов мегўяд айни ҳол, ки ҳисобу китоб нест, ҳуҷҷатгузорӣ нест, таҳлили дурусти бозор имкон надорад, вале дар сурати ба таври мутамаддин шакл гирифтани нархҳо дарёфти камбудиҳои бозор осон шуда, чораандешиҳои давлат ҳам дар самти коҳиши нархҳо самараи дилхоҳ хоҳанд дод.
Ҳуҷҷати мазкур ба гуфтаи масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ 8 намуди маҳсулот, аз ҷумла орду ғалла, равғани растанӣ ва гази моеъу бензинро фаро гирифта бо назардошти вазъи бозори дохилӣ, таҷрибаи кишварҳои дигар ва асосҳои иқтисодӣ таҳия гардидаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!