Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 май 2017, 11:08

ВКД: Милисаҳо беш аз 60 кило маводи мухаддирро дар як рӯз аз «муомилот» гирифтанд

1 феврал 2012, 08:31

62 кило маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милиса дар як рӯз забту мусодира гардидааст.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, зимни амалиёт  рӯзи 31-уми январ, дар ҳудуди ҷамоати  Уткансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  автомашинаи тамғаи  «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Асрорхӯҷа Умарови 36- сола, сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ш.Раҷабов мавриди боздошту тафтиш қарор гирифт.
Манбаъ афзуд, аснои санҷиш аз бағоҷи сабукрав 1-халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохили он маводи нашъадори навъи ҳашиш вазнаш 44 килову  205 грамм буд, дарёфт ва мусодира гардид. Маълум шуд, ки маводи мазкур ба мусофири нақлиёт Саидаҳмад Муҳаммадови 40- сола, сокини  шаҳри  Хуҷанд таалуқ дорад.
Ба ҳамин ҳодиса монанд, дар ноҳияи Конибодом аз мошини Фарҳод Додохонови 36- сола, аз дохили борхалтаи мусофир Хуршед Сатторов маводи нашъадори навъи ҳашиш ба миқдори 11 киллову 720 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.   
Зимнан, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Диловар Домодови 23- сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати  Чапаев, старшинаи дидбонгоҳи №3 қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи  Фархор дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори навъи ҳашиш вазнаш 5 килою 434 грамм ва маводи нашъадори навъи афюн вазнаш 1килою 126 грамм мусодира гардид.
Феълан, аз рӯи ин се қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!