Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:04

Парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи яроқ»-ро баррасӣ кард

1 феврал 2012, 12:00

Дар ҷаласаи имрӯзаи парлумони кишвар якчанд фармонҳои президент тасдиқ гардида, ҳамчунин чанд лоиҳаи қонунҳо қабул шуданд.


Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба «Озодагон» иттилоъ дод, вакилон пас аз тасдиқи рўзномаи ҷаласа, лоиҳаи қарори парлумон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб намудани Абдурраҳмон Хонов»-ро қабул карданд.  
Ҳамчунин, Созишномаи байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Герсогии Бузурги Люксембургро пас аз суханронии вазири нақлиёт ва коммуникатсия Низом Ҳакимов ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Амир Катаев  тасдиқ намуданд. Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур барои рушду такомули ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон тавассути воситаи ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ мусоидат мекунад. Тасдиқи Созишнома имкон медиҳад, ки соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш пайдо кунад.Зимни баромади вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Менглиев ва намояндаи мардумӣ Тўрахон Самадов тазаккур дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» мутобиқ намудани он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.  
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ» низ пас аз суханронии Саид Ҷўрахонов ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов қабул гардид. Зикр шуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур таъмини  амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҳимояи шаҳрвандон ва ба низом даровардани қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба харид, гирифта гаштан, нигоҳ  доштани яроқҳои пневматикӣ, хусусан таппончаҳои пневматикӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.    


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!