Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:23

Бемасъулиятӣ ва қонуншиканӣ чанд нафарро аз мансаб маҳрум кард. Тасмими нави Вазири умури дохила

3 феврал 2012, 10:17

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ бархе аз кормандони ин сохторро барои хунукназарӣ, қонуншиканӣ ва бемасъулиятӣ аз мансабишғолнамудаашон сабукдӯш кард.


Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, аснои як ҷаласа дар ин мақомот вазир аз содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ки яке аз ҷиноятҳои нангин ба шумор рафта, ба номи кормандони мақомот иснод меоранд, изҳори нигаронӣ намуд. Бино ба қавли манбаъ, танҳо дар муддати кўтоҳи сипаришудаи соли равон 8 корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои содир намудани 9 ҷиноят  ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

 

-Ин  аз бемасъулиятиву иҷро накардани ўҳдадориҳои баъзе аз роҳбарони сардорони раёсату шўъбаҳои корҳои дохилӣ аст,-гуфт Рамазон Раҳимов.

Ҳамзамон, дар нишаст бахши шиносномадиҳӣ ва ба қайдгирӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, чанд нафар аз кормандони хадамоти мазкур ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, Меҳрубон Бозоров, капитани милитсия, сардори шӯъбаи шиносномадиҳӣ ва ба қайдгирии ШКД шаҳри Турсунзода барои бо роҳи сохтакорӣ ба шаҳрвандон хориҷӣ шиносномаи қалбакӣ додан, кормандони шўъбаи шиносномадиҳии раводидии шаҳри Кўлоб Демпанаева Гулсара ва Давлатов Панҷшанбе барои ҳамин гуна қонуншиканӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд.

Инчунин бозраси калони гурўҳи ба қайдгириву имтиҳонитии бахши бозрасии давлатии автомобилӣ подполковники милитсия Умаралӣ Шаропов барои сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ ба ноболиғ додани иҷозатномаи дараҷаи ронандагии мусофиркашонӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, бисёре аз ин ҷиноятҳое, ки дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, бе восита бо ёриву маълумоти саривақт пешниҳод намудаи шаҳрвандон ошкор карда шудаанд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо барои ҳамкорияшон изҳори сипос менамояд.

Зикр гардид, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони боварӣ бо рақамҳои 221-21-21 ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд, ҳар нафар метавонад, ошкоро ва ё ба таври махфӣ доир ба содиршавии ҳамагуна қонуншиканиву ҷиноятҳо хабар диҳад, ки ҳангоми тасдиқи хабарҳои мазкур ин шаҳрванд барои саҳм гузоштан дар пешгирӣ ва коҳишёбии ҷинояткорӣ мукофотонида мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!