Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:35

Яхбандӣ дар роҳҳои Тоҷикистон. Ҳушдори ҳавошиносон

4 феврал 2012, 06:00

Аз 5-ум то 8-уми феврал сардшавии ҳаво дар Тоҷикистон боиси душвор шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҷодаҳо мегардад.


Тавре Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон рӯзона то 4 ва шабона то 13 дараҷа сард хоҳад шуд. Сардшавии ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона то 9 ва шабона то 16 дараҷа ва дар ғарби вилояти Бадахшон то 17 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳарорати ҳаво рӯзона то 6 ва шабона то 13 сард хоҳад шуд.

Ҷамила Байдуллоева, иллати боридани борони рӯзи 3 февралро дар Тоҷикистон ба ворид гардидани ҳавои гарм аз Афғонистону Эрон ва Туркманистон арзёбӣ намуд. Ӯ мегӯяд, баъдан бо вазидани ҳавои сарди сибирӣ борон ба барф табдил шуда, ҳарорати ҳаво якбора поён рафт.

Бино ба қавли манбаъ, пас аз қатъ шудани бориши барфи шиддатнок ва сард гардидани ҳаво дар роҳҳои кишвар эҳтимол яхбандӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои дури кишвар худдорӣ намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!