Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:45

Кӯлоб: Дорувории қалбакӣ дар минтақа вуҷуд надорад

6 феврал 2012, 04:35

Тибқи иттилои Бахтиёр Зулфиқоров, мутахассиси шуъбаи фарматсевтии минтақаи Кӯлоб, нисбат ба 2 нафар аз сокини шаҳри Кӯлоб бо ҷурми даст доштан дар фурӯши доруи қалбакӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.


Ба гуфтаи оқои Зулфиқоров, дар ҳоли ҳозир дар ҳамаи минтақа 192 дорухонаи фурӯши доруворӣ расман ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд. Кормандони шӯъбаи фарматсевтӣ соли гузашта 13 маротиба дар ин дорухонаҳо санҷиш гузаронида, 2270 номгӯйи дорувориро дар ҳаҷми 1108 килограм аз ташхис гузаронидаанд: «408 номгӯйи доруворӣ бо иллати гузаштани вақти истифода аз муомилот боздошта шуд. Роҳбарони  21 дорухона бо ҳамин ҷурм ба маблағи 12.775 сомонӣ ҷаримабандӣ гашта, ба 61 дорухонаи дигар амрнома дар мавриди бартараф намудани камбудиҳо пешниҳод гардид».

 

Бино ба қавли Зулфиқоров, дар ҳамаи 10 навоҳии минтақа ҳанӯз дорувории ғайристандартӣ ба қайд гирифта нашудааст ва кулли доруворӣ ҷавобгӯйи талаботи стандарти тиббӣ будаанд: «Вале ҳолатҳои ба фурӯш баровардани доруворӣ баъди гузаштани вақти истифодабариашон,  тақрибан дар ҳамаи дорухонаҳои навоҳӣ ба мушоҳида мерасад. Инчунин, аз ҷониби кормандони шуъба 2-ҳолати ба савдо баровардани доруҳои қалбакӣ ошкор гардида, нисбати бемасъулиятҳо дар прокуратураи шаҳр парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!