Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

САҲА ба ВКД-и Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар чорчӯби як Ёддошт

6 феврал 2012, 09:52

Имрӯз, 6-уми феврал, таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси ҷаласаи Шӯрои ин ниҳоди қонунгузор сурат пазируфт.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, дар Шӯро Лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, ко р ва хизматрасонӣ», « Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо- бюрои САҲА дар Тоҷикистон, Дар бораи лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  адвокатура ва фаъолияти адвокати», Дар бораи Шартномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи кофтукови байнидавлатии ашхос мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, райисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Сафаралӣ Раҷабов, Хайринисо Юсуфӣ, Амирқул Азимов ва  райиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Азизмат Иномов дар назди аъзои Шӯро баромад намуда, роҷеъ ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мукамал доданд: «Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ёддошти  тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва ҳамкори дар Аврупо (бюрои САҲА дар Тоҷикистон) дар таърихи 8 апрели соли 2011 дар шаҳри Душанбе имзо гардида, бо мақсади расонидани ёрӣ ва мадади машваратӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти самараноки ҳифзи ҳуқуқ ва мусоидат намудан ба ислоҳоти милитсия ба тасвиб расидааст».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!