Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:56

Афюн дар нишастгоҳи «Мерседес-Бенс». 870 грамм

6 феврал 2012, 12:05

Сокинони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт гардиданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ расид, зимни  баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар кӯчаи Ленин, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатияш 67-76 ТТ 02 РТ, таҳти идораи ронанда Шарифов Урунҳӯҷаи 23 сола, сокини ҷамоати Х.Усмон, бо мусофиронаш Аъзам Сангинови 22- сола ва Муҳсин Ҷумъаеви 21-сола дастгир шудаанд.

Аснои  азназаргузаронии сабукрав аз таги нишастгоҳи пеши автомашина,  ки шаҳрванд Аъзам Сангинов менишаст, 870 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфтанист, ин миқдор мавод ба шаҳрванд Абдусалом Қаҳҳорови 32- сола  сокини ҷамоати Унҷӣ таалуқ доштааст. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!