Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:13

БҶ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Барои шомил шудан ба СҶТ

8 феврал 2012, 12:05

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ Маҷид Албайъа, Лиза Миллер ва  Дилшод Каримовро бо хоҳиши онҳо имрӯз (8-уми феврал) ба ҳузур пазируфт.


Дар нишаст Раҷабов аз ҷумла иброз намуд, ки ба шумо ва дар шахсиятатон ба Бонки Умумиҷаҳонӣ минатдории роҳбарияти Маҷлиси намояндагонро барои ҳамкории самарабахш дар раванди рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баён мекунам: «Хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои асосии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ роли махсусан муҳимро мебозад».

Сафаралӣ Раҷабов ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон то соли 2006 Қонун «Дар бораи тендер» амал мекард, ки бо қабули Қонуни нав аз эътибор соқит дониста шуд. Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» тайи солҳои 2007-2008 маҷмӯи санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла низомнома дар бораи расмиёти хариди давлатӣ, ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ, дастурамал оиди интихоби пешакии тахассусӣ, намунаҳои ҳисоботҳо ва шартномаҳо , ки расмиёти харидро пурра ва мушаххас ба танзим медароранд, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидаанд: «Ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни ғайримарказонидани хариди давлатиро оғоз намудааст ва айни ҳол дар ҷумҳурӣ 19 вазорату идораҳо хариди молро мустақилона анҷом дода истодаанд» - гуфт дар хотима райиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов.

Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ низ аз иқдомоти МН ва дар ин замина аз роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар мамлакат ва талош барои иҷрои шартҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ибрози қаноатмандӣ намуданд. Зикр шуд, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ тамоми кўшиш ва талошҳои худро барои ҳарчи зудтар ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар ин замина таъмини рушди устувори иқтисодиии ҷумҳурии мо ба харҷ хоҳад дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!