Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

ҲНИТ: Собир Ардабаев ҳеч гоҳ узви ҲНИТ набуд. Раддия ба хабари КДАМ

10 феврал 2012, 09:25

Раёсати ҲНИТ зимни пахши як баёния унвонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ изҳор дошт, ки Собир Ардабаев (бо тахаллуси Шайх Собири Ванҷӣ) ҳеч вақт аъзои ин ҳизб набуда, аз ҷонибдорони ин ташкилоти сиёсӣ ҳам нест.

Дар номаи расмӣ аз ҷумла омадааст, ки ки дафтари матбуотии КДАМ хабари боздошти номбурдаро бо ҷурми қоҷоқи маводи мухаддир аз тариқи расонаҳои ҳукуматӣ ва мустақил ба нашр расонид ва ӯро ҳамҷун узви фаъоли ҲНИТ муаррифӣ намуд, ки ин хабар тӯҳмати маҳз алайҳи ҳизб мебошад: «Собир Ардабаев ва Ғайрулло Ҷафаров, ки аз тарафи ниҳодҳои амниятӣ боздошт шуданд, ҳеч гоҳ узви ҳизб набуданд.

 

Ҳамчунин, дар ин баёния омадааст, ки бархӯрди мақомот, бахусус, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният нисбат ба аъзо ва дар маҷмӯъ, ба ҲНИТ боиси нигаронист. Дар содир намудани ҷиноят ва қонуншиканиҳо аъзои ҲНИТ кам дар кам даст доранд. Аммо, бо дар сурат гирифтани қонуншикание, дарҳол мақомот ба изҳори назару хулоса ҳизбияти гумонбарро муҳим шуморида, ба ангушт ба сӯи ҲНИТ ишора мекунанд ва аз тариқи расонаҳои давлатӣ баёноту изҳорот ба нашр мерасонад

Зимнан, дар ин изҳорот раҳбарияти ҲНИТ аз раиси Кумитаи давлатии амнияти кишвар хоҳиш кардааст, ки барои радди ин хабар ба дафтари матбуотии КДАМ дастур диҳад ва он аз тариқи расонаҳо ба нашр расонида шавад.

Ёдрас менамоем, расонаҳои давлатӣ ва бархе аз нашрияҳои дигар ахиран  иттилоеъро пахш карданд, ки мӯҳтавояш чунин буд: Рўзи 3-юми феврали соли ҷорӣ кормандони КДАМ дар ВМКБ, дар даромадгоҳи ноҳияи Рўшон амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ анҷом доданд. Дар натиҷа, аз бағоҷи автомошинаи мусофиркаш дар дохили халтаҳои полиэтилинӣ 40 адад маводи ҷигариранги дорои бўйи махсус кашф шуданд. Ташхиси минбаъда муайян кард, ки маводи нашъадор гашиш буда, вазни холисаш 19 килограму 155 грамро ташкил медиҳад. Бо гумони қочоқи маводи мухаддир Ҷаваров Назриалӣ Муҳаббатшоевич, сокини деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, пештар 2 маротиба суд шудааст ва соҳиби бор, аъзои гурўҳи ҷинояткори трансмиллӣ Ардабаев Собир Муҳаббатович, мулаққаб ба "Шайх Собири Ванҷӣ", истиқоматкунандаи деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, яке аз аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар ин минтақа дастгир гардиданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!