Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Мафҳуми иншооти ҷашнӣ аз миён бардошта шавад!

«Роҳи асосӣ ва самарабахши коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ ба роҳ мондани истифодаи босамар аз обу замин, кишти такрории сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ва таъмин намудани фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аст».

Дар ин бора, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи машваратӣ, ки рӯзи 25-уми май дар ноҳияи Данғара бо иштироки фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат пазируфт, иброз дошт. Райисҷумҳур афзуд, вилояти Хатлон ва хусусан ноҳияи Данғара метавонанд дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши намоён гузоранд, зеро имкону захираҳо дар ин ҷо хеле зиёданд ва мардуми заҳматдӯсти  шаҳру ноҳияҳои ин вилоят бояд ин масъулиятро бо сарбаландӣ бар дӯш гирифта, дар татбиқи ин ҳадафи стратегии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.Зимнан, дар нишасти мазкур рафти иҷрои буҷаи давлатӣ, супоришҳои қаблан додашуда, барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, масоили вобаста ба истифодаи босамари обу замин, омодагӣ ба зимистон ва таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ташкили корҳои судбахш барои истодагарӣ дар муқобили мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла болоравии нархи сӯзишворию ва хӯрокворӣ ва камборишию камобии имсолаи Тоҷикистон зоҳир гардид. Дар робита ба омодагӣ ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки мафҳуми иншооти ҷашнӣ бояд аз миён бардошта шавад, зеро тамоми ҳудуди кишвар ба истиқболи ин ид бояд дар маҷмӯъ ободу зебо ва сарсабзу хуррам шавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)