Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:21

Президенти Покистон дар Наврӯзи Душанбе ширкат мекунад

13 феврал 2012, 04:12

Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон сафири Тоҷикистон дар он кишвар Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни нишаст ҷаноби Зардорӣ аз дипломатии тоҷик даъватномаи президенти ҶТ Раҳмонро ҷиҳати иштирок дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуд.

Аснои нишакст ба мавзӯъҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба, масъалаҳои зарурати ҳарчӣ зудтар амалӣ намудани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон оид ба транзит, кушодани хатти парвози мустақими Душанбе-Исломобод табодули назар сурат гирифт.

Сипас, ҷонибҳо равобит бо Афғонистон ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин масъалаҳои иштироки ҳайати баландмақоми Покистон дар Конфронси RECCA V-ро матраҳ карданд.Зубайдов иброз дошт, ки иштироки ҳайати баландпояи Покистон дар кори RECCA V имкон медиҳад, то Тоҷикистону Покистон дар ҳошияи он ҷиҳати роҳандозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа дар самти барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва сулҳу суботи ин кишвар иқдомҳои муштараку муассир андешанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!