Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:13

ВМ: Чархболи суқуткарда дар Афғонистон ҳеч рабте ба НАТО надорад

13 феврал 2012, 05:55

11-уми феврали соли равон дар ҳудуди вилояти Зобули Афғонистон чархболи Ми-8 мутаалиқ ба нерӯҳои ҳавоӣ ва зидди ҳавоии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бар асари номусоидии ҳаво ба садама дучор шуд.


Дар ин бора аз дафтари матбуотии ВМ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд.

Бино ба қавли манбаъ, бар асари суқути чархбол ҳар чор нафар сарнишини он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба ҳалокат расиданд: «Ин чархбол сар аз моҳи майи соли 2011 барои манотиқи дурдасти Афғонистон дар чорчӯби барқарории баъди чангӣ дар ин кишвар (Афғонистон) маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла  доруворӣ мерасонд. Зимни парвози он ба вилояти Зобул фазои ин минтақаро барфу борон ва тӯфон фаро гирифта буд».

Масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки ин чархбол ҳеҷ гуна рабте ба нерӯҳои НАТО надорад. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз расонаҳо гуфта шудааст, ки ин чархбол барои нерӯҳои НАТО кор мекард.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!