Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:51

М.Убайдуллоев: Зимни амалӣ шудани Нақшаи генералии пойтахт манфиати соҳибмулкон набояд поймол шавад

13 феврал 2012, 09:15

Имрӯз, 13 феврали соли 2012 дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр- кӯчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ баргузор гардид.


Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар кори ҷаласа масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, райисони комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, директорони Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдошта ва соҳибмулкону роҳбарони субъектҳои хоҷагидории иншооташон дар ин маврид тибқи Нақшаи генералии шаҳр барои азнавсозӣ пешбинигардида аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ ширкат варзиданд.

Зимни баррасии масъала, ки тӯли беш аз як сол корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби сохторҳои масъули шаҳрдорӣ бо соҳибмулкони иншоот анҷом дода шудааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкурро ба соҳибмулкон талқин намуда, афзуд, ки зимни роҳандозии ин тадбир набояд ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман  риоя ва ҳифз карда шаванд. Пеш аз ҳама таъкид намуд, ки дар марҳилаи феълӣ соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷӯҳ беш аз нӯҳ ошёна пешбинигардидаро дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд.

Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ онҳо ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар, ё худ дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар  ва соҳибмулк  аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд.

Дар ин равобит Маҳмадсаид Убайдуллоев бо шарҳи дурнамои амалисозии Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур афзуд, ки азнавсозии  иншооти зикргардида на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бояд бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шавад.

Дар ҷаласа инчунин дигар масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдор қарор гирифта, оид ба пешбурди онҳо  ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид. Зимнан, ба сардори РКД-и шаҳри Душанбе А. Бузмаков таъкид гашт, ки нисбати риояи регламенти шаҳр оид ба хизматрасонӣ аз ҷониби дилхоҳ субъектҳои хоҷагидор, ки ба истиснои муассисаҳои ҳаётан муҳим то соати 23-00 муқаррар гардидааст, баҳри таъмини оромию осудагии сокинон ва тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!