Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:47

Путинро ба додгоҳ кашиданд?

14 феврал 2012, 11:40

Дар шабакаи интернет ахиран наворе пахш, ки дар он гӯё мурофиаи додгоҳӣ алайҳи нахуствазир ва муддаии курсии раёсатҷумҳури Русия Владимир Путин ҷараён дорад.


Дар ин навор, ки рамзи шабакаи телевизионии ОРТ-ро дорад, дидан мумкин аст, ки чӣ гуна Путинро дар рабудани амволи давлатӣ дар ҳаҷми ҳангуфт, фасоди молиёт, ҳамчунин сӯистифода аз мансаб муҷрим медонанд. Дар маҷмӯъ, «собиқ нахуствазир»-ро бо 7 банди кодекси ҷиноӣ муттаҳам мекунанд.

Баррасии додгоҳӣ дар суди Хамовничии шаҳри Маскав ҷараён дорад. Хабарнигор бо такя ба ҳарфҳои сухангӯи додгоҳи мазкур Виктора Данилкина мегӯяд, собиқ нахуствазирро барои он ба суд овардаанд, ки ҳукмашро эълом намоянд.

Дар навор толори суд нишон дода мешавад, ки Путин пушти панҷара нишастааст. Хабарнигорон бошанд, ӯро акс мегиранд.

Навори додгоҳӣ алайҳи «собиқ нахуствазир»-ро садҳо нафар тамошо кардаанд. Видеои мазкур ба таври устокорона таҳия шудааст, ки ҳатто таққалубӣ будани он эҳсос намешавад. Маълум нест, ки ин видео аз ҷоиниби кӣ ва бо чӣ мақсад сохта шудааст.

Барои дидани навор аз ин линк истифода баред: http://www.youtube.com/watch?v=v1hLtFn4CLU&feature=youtu.be



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!