Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:51

Девонаев аз САҲА даъват кард, ки ба Хадамот кӯмак намояд

16 феврал 2012, 04:29

Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо намояндагони Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мулоқот анҷом дод.


Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин ҳамойиш хонум Дейс Шленз, мушовир оид ба ҳаракати озодӣ ва муҳоҷират дар Лаҳистон, Наталия Тагверекер, муовини сардори Департаменти демократия  Кристин Ван дер Лист, мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ   ширкат намуданд: «Ҳадафи мулоқоти намояндагони Бюрои САҲА доир намудани мизи мудаввар оид ба омӯзиш ва пешниҳоди тавсияҳо ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъияти оилаҳои занони муҳоҷир мебошад».

 

Ҳамзамон, сардори Хадамоти муҳоҷират зимни ин нишаст пешниҳод намуд, ки дар моҳи июн бо даъвати донорҳо конфронс ва ё мизи гирд бо ҳузури ташкилотҳои байналмилалӣ доир шавад.

Сарчашмаи хабар ҳамчунин иттилоъ дод, ки пешниҳоди Девонаев аз ҷониби намояндагони САҲА пазируфта шуд ва қарор шуд, ки Хадамоти муҳоҷират ба унвонии ташкилоти мазкур, мактуби расмӣ ирсол намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!