Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 22:13

7 узви кӯдакро якбора иваз карданд. Дар Куриёи Ҷанубӣ

17 феврал 2012, 10:43

Табибони Куриёи Ҷанубӣ зимни як ҷарроҳӣ 7 узви дарунии одамро иваз карданд.


Духтараки ноболиғ Чхо Ин Со, ки 12 сол инҷониб аз дардҳои доимии узвҳои дарунӣ азият мекашид, акнун бо ҷигар, ғадуди зери меъда, рӯдаи борик, рӯдаи ғафс, рӯдаи 12 ангушта ва талхаи нав зиндагӣ дорад.

-Аксари узвҳои дарунии ин духтар аз фаъолият бозмонда буданд. Аз он сабаб, ки гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо нисбати калонсолон бар асари хурд будани узвҳо бо кӯдакон мушкилтар аст, мо ба он қариб 2 сол омодагӣ дидем. Хушбахтона, донори мувофиқ пайдо кардем. Феълан вазъи бемор хеле муътадил аст, ки моро хушнуд мекунад,- гуфтааст ҷарроҳ Ким До Ен.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!