Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:48

Марказҳои хизматрасонии «МегаФон» бештар шуданд

21 феврал 2012, 03:17

Ин ширкати мобили боз ду маркази хизматрасонии нав таъсис дод.


Тибқи иттилои расида, ҳамакнун дар шаҳри Хуҷанд бо суроғаи 50-солагии Ғалаба ва дар шаҳри Қайроқум бо нишонии кӯчаи  Истиқлол 17А. Гуфта мешавад, ин марказҳо ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ то 19 дари худро ба рӯи муштариён боз мекунанд.

 

Маврид ба тазаккур аст, ки «МегаФон» мунтазам дар беҳтар кардани сифати хизматрасонии муштариён ва инкишофи шабакаи савдои чакана фаъолият мекунад.  То имрӯз чунин марказҳои фурӯш ва хизматрасонии ширкат дар  бештари  шаҳрҳои калони Тоҷикистон фаълият доранд. Ҳар яке аз ин марказҳои хизматрасонӣ бо дарназардошти тамоми талаботҳо созмон ёфта, хизматрасониро дар сатҳи олӣ ба роҳ мондаанд.

-Дар чунин марказҳои  муштариён имкон доранд, на танҳо маълумот оид ба нархҳои «МегаФон»-ро ба даст оранд, балки ба шабакаи оператор пайваст шуда, инчунин, девайсҳои технологияи навинро бисанҷанд. Ҳамаи мушовироне, ки дар марказҳои фурӯши «МегаФон» фаъолият мекунанд, барномаҳои дуру дарози омӯзиширо мегузаранд,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии «Мегафон».

Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ аз ҷониби ширкат як истгоҳи базавӣ сохта шуда ва сохтмони зиёда аз 5 истгоҳи базавии стандарти 2G ва 3G оғоз шудаанд. 22 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар кӯчаи Баҳор воқеъ дар идораи хоҷагии чангалпарварии Хатлон истгоҳи ИБ 3260_JANGAL стандарти 2G ба истифода дода шуд ва 31 январ стандарти 3G ба фаъолият оғоз кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!