Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:04

Таҷлил аз Рӯзи забони модарӣ дар Душанбе

22 феврал 2012, 05:17

Рӯзи гузашта дар Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҷаласаи вижа сурат пазируфт.


Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, нишасти мазкур барои таҷлил аз Рӯзи байналмилалии забони модарӣ доир шуд.

Манбаъ афзуд, дар ин ҷаласа аз ҷумла намояндагони аққалиятҳои миллии Тоҷикистон, донишмандони забон ва адабиёт ва устодони донишгоҳҳои пойтахт ширкат карданд. Зимни нишаст масоили марбут ба раванди иҷрои қонуни забон дар Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз ҷумла таъкид шуд, ки мақомоти маҳаллӣ риояи ин қонун дар заминаи ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистонро бояд ҷиддӣ бигиранд.

Ҳамзамон, ширкатдорон "Барномаи старатегии рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016"-ро баррасӣ карданд, ки аз ҷумла "барои ҳифзи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ дар Тоҷикистон заминаҳои амалӣ фароҳам овардааст.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи 21-уми февралро аз соли 1952 ба ин сӯ, СММ ба хотири рӯзи Ҷунбиши забон дар Бангладеш Рӯзи забони модарӣ эълом кардааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!