Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:31

Ду паҳлавони тоҷикро бо 10 000 сомонӣ қадр карданд

22 феврал 2012, 10:27

Муродҷон Тӯйчиев, варзишгари шинохтаи тоҷик аз сабқати Осиё-2012-и Корея бо як медали биринҷӣ ба Ватан баргашт.


Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки Муродҷон Тўйчиеви 29 сола зимни рақобатҳо дар вазни 120 кило ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид. Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи бозиҳои Пекин-2008 низ дар чемпионати Осиё оид ба гӯштии тарзи озод ва юнону рӯмӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Сабқати мазкур 18-19-уми феврали соли равон дар шаҳри Гуми Кореяи Ҷанубӣ сурат пазируфт. Ба иттилои манбаъ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон Муродҷон Тӯйчиев ва Юсуф Абдусаломовро ба ҳузур пазируфта, аз номи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадом 5000 сомонӣ тӯҳфаи молӣ тақдим кардааст. Варзишгарони тоҷик  гуфтаанд, ки барои соҳиби роҳхати олимпӣ шудан тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳанд кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!