Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:24

Озарбойҷон афроди ба Ҳизбуллоҳи Лубнон наздикро боздошт кард

23 феврал 2012, 05:13

Мақомоти полиси Озарбойҷон афродеро бо иттиҳоми даст доштан бо истихбороти Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дасгир намуд.


Тибқи гузориши хабаргузории «Ал-арабия», шахсони гумонбаршуда ҳамлаҳоеро алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар дар нақша доштаанд.

Манбаъ меафзояд, ки ин афрод дар минтақа ба ҷамъоварии истихборот, ҳадафҳои мавриди таваҷҷӯҳ ва хариду фурӯши силоҳ машғул будаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Теҳрон чанде қабл Озарбойҷонро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷосусии Исроил дар ҳамлаи алайҳи донишмандони атомии Эрон муттаҳам намуд, ки аз ин мақомоти Озарбойҷон ба ғазаб омада буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!