Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 17:43

Наврӯзи байналмилал ва омодагии корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ба ид

23 феврал 2012, 08:24

Як қатор корхонаҳои саноатии кишвар, аз қабили КВД «Зари Кӯлоб», корхонаи заргарии «Данғара», «Тоҷик Кристал», «Гранит», «Востекредмет», «Рухом» тасмим гирифтаанд, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии иди Наврӯз  маҳсулотҳои худро бо рамзҳои ҷашни наврӯзӣ истеҳсол намоянд.


Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, корхонаҳои мазкур барои муштариёни худ маҳсулоти заргарӣ, гӯшворҳову гарданбандҳо, ангуштариву дастпонаҳои миллӣ, армуғонҳо, қасабаҳо, қулфи гарданбанд тайёр мекунанд: « Дар арафаи Иди Наврӯз соҳаи саноати сабук ва ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ аз ҷумла, корхонаҳои ҶММ «Атласи Хуҷанд» ҶММ «Дилором», ҶММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик»,  «Ёқутиён», «Зинат», «Садранги Кӯлоб» маҳсулотҳои идона истеҳсол менамоянд».  Зимнан, корхонаи «Атласи Хуҷанд», ки бештар аз 15 намуди атлас истеҳсол менамояд, 4 намуди он:  «Ганҷина», «Идона», «Шодиёна» ва «Истиқлол» матоъҳои ҷашнӣ буда, барои модарону бонувони тоҷик тӯҳфаҳои хубу арзанда хоҳад буд, афзуд манбаъ.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!