Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 10:00

Абдусаттор Хаввосӣ: «Алайҳи амрикоиҳо ҷиҳод мекунем»

23 феврал 2012, 08:40

Рӯзи гузашта нерӯҳои амрикоии мустақар дар пойгоҳи ҳавоии Багроми Афғонистон чанд шумораи Қуръони карим ва китобҳои мазҳабиро оташ заданд, ки аз ин амали ношоями эшон мардуми Афғонистон ба ғазаб омада, даст ба тазоҳурот заданд.


Тавре Абдурауфи Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон эълон намуд, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури  кишвар дар  як номаи худ аз намояндагон ва сенаторҳои Амрико даъват намудааст, то рӯзи панҷшанбе барои машварат дар Кохи раёсати кишвар ҳозир шаванд.Бино ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Ҳомид Карзай  барои таҳқиқи ин қазия ҳайъатеро таъйин намудааст.

Ҳамчунин, яке аз аъзои маҷлис, Абдусаттор Хаввосӣ низ афзудааст: «Бояд алайҳи амрикоиҳо ҷиҳод эълон намуда, эшонро аз минтақа ихроҷ намоем».

Маврид ба ёдоварист, алъон сафорати ИМА дар Афғонистон баста шуда, кулли сафарҳои мақомоти ин кишвар ба давлати исломӣ лағв гардидааст.

Тафсилоти бештарро бо нохун задан ба ин линк пайдо мекунед:  http://www.ozodagon.com/g/item/16199

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!