Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:41

«Асирон»-и Анзоб раҳо шуданд. Аммо на ҳамаашон

23 феврал 2012, 12:03

Тавре Наргис Нурова, масъули маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, айни замон аз 200 нафари дар асорати тарма дар ағбаи Анзоб қарордошта, ҳудуди 100 каси онҳо ба ҷойҳои бехафв кӯчонида шуданд.


«Раҳоии шахсони боқимондаро гурӯҳҳои зудамали КҲФ имрӯз пурра ба анҷом расониданианд. Айни замон ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаҳои Анзобу Шаҳристон дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва ағбаи Хобуробот дар роҳи водии Рашт ва ВМКБ манъ аст».

 

Манбаъ афзуд, рӯзи чоршанбе (22-юми феврал) аз офати табиӣ хоҷагии қӯтоспарварии ба номи Аслиддинови ноҳияи Айнӣ хисорот бардошт. Дар ин ҷо 12 қӯтос зери тарма мондаанд: «Бар асари боришоти зиёди барф дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон низ 5 манзили зист қисман хароб гардида, дар ноҳияи Вахш бинои ду мактаб дар вазъи садамавӣ қарор доранд».

Бино ба иттилои манбаъ, бо сабаби боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар километрҳои 41, 48 ва 71-уми роҳ муваққатан баста шудааст. Феълан, барои бартараф намудани ҳолати рухдода 4 адад техника сафарбар карда шудааст: «Бар асари фаромадани тарма дар ҷодаи Душанбе-Хоруғ, дар километри 567-уми мавзеи Пастхуф ва километри 574-и ноҳияи Рӯшон роҳ мувақатан баста шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!