Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:30

Сафир: Тоҷикистон омодааст, аз нафти Ирон харидорӣ намояд.

24 феврал 2012, 09:04

Дар ин бора сафири ҶТ дар он кишвар Давлаталӣ Ҳотамов ба хабаргузории “Меҳрнюз” иброз доштааст: «Айни замон, асосан воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз Русия сурат мегирад ва аммо мо омода ҳастем, ки харидории нафтро аз Эрон шурӯъ намоем».


Давлаталӣ Ҳотамов гуфтааст, ҳамакнун моро зарур аст, то барои интиқоли нафт аз Эрон ба Тоҷикистон бунёди хати нафтгузарро шурӯъ намоем. Номбурда ҳамчунин, дар бораи ҳамкориҳои миёни Эрону Тоҷикистон ибрози назар намуда, сатҳ ва сифати онро баланд арзёбӣ карда, аз ҷумла гуфтааст: «90 дар сади корҳои сохтмонӣ дар нақби “Истиқлол” - и Тоҷикистон, ки аз сӯи мутахассисони эронӣ сохта мешавад,  ба иҷро расидаанд».

Гуфта мешавад, аз он ки Эрон интиқоли нафтро ба як қатор кишварҳои аврупоӣ манъ кард, имкони фурӯши он ба кишварҳои Осиё ба миён омадааст.

Ёдрас менамоем, чанд рӯз пеш Эрон лоиҳаи сохтмони шаҳраки саноатиро дар Тоҷикистон рӯи даст гирифт, ки он дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!