Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:54

4 миллиард сомонии сокинонро вакилони МН «ёфтанд»

25 феврал 2012, 05:11

Айни ҳол дар дасти мардум зиёда 4 миллиард сомонӣ «хоб рафтааст» ва барои ба гардиш даровардани онҳо, ба истеҳсолот равона сохтани онҳо зарур аст, ки дар Тоҷикистон иттифоқҳои қарзӣ таъсис ёбанд.


Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон изҳор дошт. Талбаков мӯътақид аст, ки тавасути ташкили иттифоқҳои қарзӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба қарзҳои фоизашон паст осон мегардад. Вай бартарият ва фарқияти иттифоқҳои қарзиро аз ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо дар он медонад, ки иттифоқҳо бо маблағи худи шаҳрвандон ташкил мегарданд. Вай ташкили иттифоқҳои қарзиро падидаи маъмулии иқтисоди бозорӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ гуфта таъкид намуд, ки айни ҳол дар 92 давлати дунё 42 ҳазору 616 иттифоқи қарзӣ фаъолият доранд, ки дар сафҳои худ 200 миллион аъзоро ҷамъ намуда, сандуқи қарзиашон беш аз як триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

 

Дар Тоҷикистон ҳам айни ҳол аз ҷониби вакилон Талбаков, Раҷабов ва Нозимов лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» таҳия шуда, барои қабул пешниҳод гардидаст. Муаллифон мегӯянд,  ин  қонун муносибати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ба миён меоянд, танзим намуда, манфиати иштирокчиёни иттифоқҳои қарзиро ҳифз мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!