Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:47

Вақти интихобӣ шудани раисон дар Тоҷикистон фароҳам омадааст

24 феврал 2012, 12:04

Ҳамон мушкили сиёсие, ки Русия беш аз ду панҷсола гирифтори он буд ва ба қавли Путин "тогда так надо било" беш аз бист сол аст, ки дар фазои сиёсии кишвари мо ба ҳукми амал аст.


Ва дар Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёд боре нашуда, ки мардум раиси шаҳр, ноҳия ё вилояти хешро интихоб карда бошанд. Ин ҳақро аз мардум гирифтем ва тибқи Сарқонун ба сардори давлат вогузор кардаем ва  ҳар касеро президент сазовор донад тибқи моддаи 69- и Қонуни асосӣ ҳамон офтоби бахт хандида дар ин ё он шаҳру ноҳия ё вилоят раис мешавад.

Мардуми навоҳӣ ва вилоёт сарчашмаи асосии ҳокимияти сиёсӣ дар маҳал ҳаққи интихоб ва сабукдӯш кардани раиси хешро надоранд. Ва замоне, ки мо Сарқонуни хешро дар соли 1994 қабул кардем ва ҳам дар он давроне, ки ду бор, солҳои 1999 ва 2003 ба он тағйироту ислоҳ ворид кардем, шояд ҳанӯз барои аз тариқи интихоботи озоду мунсифона аз миёни чанд номзади арзанда хоста гирифтани раиси ноҳияву вилоятҳо вақти муносиб ва шароити мусоид фароҳам нашуда буд, вале акнун мебояд ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки давлати ҳуқуқбунёду демократӣ дорем….

Тафсилоти бештар бо фишурадани ин линк дастрас хоҳад шуд: http://ozodagon.com/s/item/16202



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!