Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:50

138 метри дигар барои анҷоми кори нақбканӣ дар «Шаҳристон» боқӣ монд

27 феврал 2012, 10:55

Ин дафъа намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Табошар ва ноҳияи Мастчоҳ ба нақби Шаҳристон ташриф оварданд.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ба сохтмончиёни нақб маводҳои ғизоӣ, аз қабили 500 кг орд, 300 кг гӯшт, 400 килограммӣ сабзӣ, пиёз ва картошка, 100 килограммӣ биринҷу макарон ва 80 кг равғани растанӣ дастовез бурданд.

 

Маврид ба ёдоварист, то имрӯз нақби нақлиётӣ 5.115 метр, ҳаводиҳанда 5.194 метр канда шуда,  боз  кандани нақби нақлиётӣ 138 метр ва  ҳаводиҳӣ 95 метр боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад,  дар ҳарду қисмати нақби Шаҳристон 310 нафар нақбканони тоҷику хитойӣ фаъолият доранд, то дар мӯҳлати муқарраршуда ин иншооти барои хоҷагии халқ басо муҳимро ба истифода супоранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!