Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июл 2017, 19:41

Туркия ҳарими ҳавоии худро баст. Барои Исроил

27 феврал 2012, 12:46

Шурӯъ аз имрӯз,26-уми феврал Туркия маҳдудиятҳоро барои тайёраҳои борбари Исроил ҷорӣ намуд.


Ин маҳдудият асосан ширкатҳои ҳавонавардии “Эл-Ал” ва Cargo Air Lines (CAL)-ро, ки маводи интиқолиашон аз сӯи давлати Туркиё ҳамчун маводи “зараррасон” ва “хавфнок” шинохта шудааст, дарбар хоҳад гирифт. Гуфта мешавад, ба қатори маводи “хавфнок” сӯзишворӣ, ҳамчунин аккумуляторҳои тамғаҳои гуногун  ва ҳама намуди атриёт низ шомил карда шудаанд.

 

Акнун Анқара тақозо дорад, ки барои истифодаи ҳарими ҳавоияш аз сӯи ширкатҳои исроилӣ бояд ҳатман 10 рӯз пеш огоҳ карда шавад ва дар ин муддат Туркия тасмими иҷозат ва ё ради парвозро ба ширкатҳои ҳавонавардии Исроил манзур хоҳад кард.

Ширкатҳои ҳавонавардии “Эл- Ал” ва  САL -и Исроил ба мақомоти ҳавонавардии Исроил барои роҳандозии  чунин таҳримот барои ширкатҳои ҳавонавардии туркӣ муроҷиат намудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!