Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

12 пулиси марзии Афғонистон ба Душанбе ташриф оварданд

28 феврал 2012, 05:14

Дар Душанбе Конфронси муштараки ҳамкориҳо миёни  Тоҷикистон ва Афғонистон ба кори худ оғоз кард.


Тавре ба «Озодагон» аз агентии назорати маводи нашъаовар  иттилоъ  доданд, ҳамойиши мазкур бо мусоидати намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ва Сафорати Ҷопон дар  Тоҷикистон доир мешавад. Ҳадафи  ин конфронс  рушди иқтидор, таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва робитаҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти идораи марзҳо ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир эълон шудааст.

Барои ширкат дар нишасти мазкур 12 тан аз намояндагони олирутбаи пулиси марзӣ ва Хадамоти гумруки Афғонистон ва намояндагони баландпояи марзбонӣ, агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумруки  Тоҷикистон даъват шудаанд.

Гуфтанист, Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистонро дар ин нишаст Вайсиддин Азаматов, муовини аввали сарвари агентӣ намояндагӣ мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!