Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

МН: Сифати таълиму тарбия дар Тоҷикистон беҳбудиро мехоҳад

28 феврал 2012, 07:22

Имрӯз, 28-уми феврал лоиҳаи Қонун «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» дар Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокимаи парламентӣ қарор гирифт.


Тавре аз дафтари матбуотии МН ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин нишаст, ки бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати  ҷавонон сурат гирифт, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати  Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд. Зимнан, раиси Кумитаи номбурда Марҳабо Ҷабборова изҳор дошт, ки

мақсади асосии баргузории ҷаласаи имрӯза ҳамаҷониба муҳокима намудани лоиҳаи қонуни мазкур аст, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилон    таҳия гардидааст.

Зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20 апрели соли 2011 таъкид намуда буданд, ки ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоӣ эълон гардида, ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, ҳалли тадриҷии масъалаҳои иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати Тоҷикистон мебошад.Тақозои замон ин аст, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад».

Ҳамзамон хонум Ҷабборова гуфт, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон  Маҷлиси   лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ” таҳия гашта, мавриди баррасӣ қарор доранд, ки бешубҳа қабули онҳо ҳамчун санадҳои қонунгузорӣ барои соҳа зарур ва баҳри такмили низоми маориф  манфиатовар аст. Таълиму тарбияи томактабӣ соҳаи муҳими низоми таҳсилот ба шумор рафта, фаъолияти босамари он барои рушди зинаҳои дигари таҳсилот роҳ мекушояд.

Баромадкунандагони дигар бошанд, иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз муқаддима, 8 боб, 25 модда иборат буда, мафҳумҳои асосӣ, вазифаҳо, сиёсати давлатӣ ва принсипҳои онро дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ муқаррар намуда, тартиби гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ, вазифа ва тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣи, барҳамдиҳӣ, сохтор ва ташкили идоракунии муассисаҳои томактабиро муайян месозад.

Бобҳои алоҳидаи лоиҳа муносибатҳоро дар раванди таълиму тарбияи томактабӣ, субъектҳои он, фаъолияти молиявию хочагии муассисаҳои томактабӣ муқаррар менамоянд.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!