Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ вориди сабқат мешаванд. Баъди ду соат дар Хуҷанд

29 феврал 2012, 06:02

Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд миёни ҳам рақобат мекунанд.


Ин бозии ниҳоии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 буда, ҳарду тим дар гурӯҳи «С» шомиланд ва қарор аст, ки ин бозӣ соти 13:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз гардад. Дидори нахустини мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар гурӯҳи «С» ҳанӯз 6-уми сентябри соли 2011 дар шаҳри Пхенян,   сурат пазируфта буд, ки дар ин сабқат мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 0 аз соҳибони майдон шикаст хӯрда буд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин шашумин дидори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 ба ҳисоб меравад. Дар 5 бозии гузашта, тими миллии кишвари мо ба нокомӣ дучор шуда буд ва аққалан як тӯб ҳам ба дарвозаи ҳарифон  ворид карда натавонист.

Феълан, дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Ҳамин тариқ тими миллии мо аз идомаи иштирок дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 маҳрум шудаанд.

Натиҷаҳои қаблии бозиҳои тими миллии Тоҷикистон бошад ба таври зайл аст:

Тоҷикистон-Ӯзбакистон 0:1, Кореяи Шимолӣ-Тоҷикистон  1:0, Ҷопон-Тоҷикистон 8:0, Тоҷикистон-Ҷопон 0:4 ва Ӯзбакистон-Тоҷикистон 3:0.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!