Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:37

Вазири маориф аз рисолаҳои илмӣ ва мавзӯоти онҳо интиқод кард

29 феврал 2012, 10:06

Мазмуну мӯҳтавои бархе аз рисолаҳои илмии солҳои ахир дифоъгардида, аз аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ бархурдор нестанд.


Ин нуктаро Нуриддин Саидов, вазири маориф зимни баргузории ҷаласаи мушовараи ин вазорат иброз дошт. Тавре  Сиддиқ  Муборак, сухангӯи ВМ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин нишаст пешниҳоди санадҳои 8 нафар барои гирифтани унвонҳои профессорӣ ва дотсентӣ маъқул дониста шуданд.

Манбаъ афзуд, дар нишаст қайд гардид, ки алъон даҳҳо рисолаи илмӣ роҷеъ ба эҷодиёти кадом олиму адиб рӯи кор меояд, аммо бисёр мавзӯву проблемаҳои ҳалталаб, ки нигарони пажӯҳиш ва рӯшанӣ андохтан буда, ҷомеаи имрӯзии мо ба онҳо ниёз дорад, аз назари пажӯҳишгарон дур мемонад: «Ҳадаф аз кори илмӣ набояд фақат ба даст овардани унвону дараҷаи илмӣ бошад, балки донишмандони моро лозим аст, ки бештар ба мавзӯъҳои актуалӣ, ки то ҳанӯз эҳтиёҷманди омӯзишу таҳқиқанд, рӯй оранд».

Дар мушовара, ҳамчунин гузориши масъулон оид ба вазъи сифати таълиму тарбия дар мактабҳои якҷоя (комкомплектӣ)-и ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Варзоб, фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва хоҷагидориву иқтисодии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баррасӣ ва сохтори нави Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тасдиқ карда шуд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!