Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:33

Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мепайвандад?

27 май 2011, 06:38

Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои дунё кўшиш дорад, то ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пазируфта шавад.

Дар робита ба ин бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурд ва миёна ва бо дастгирии лоиҳаи минтақавии USAID барои озодии тиҷорат ва ислоҳоти гумрукӣ дар Душанбе таҳти унвони «Тартиби иҷозатномадиҳӣ мутобиқ ба қонун ва қоидаҳои СҶТ»   баргузор гардид. Дар ин ҳамойиш  мушкилоти ҳуҷҷатгузории соҳибкорон, фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, мутобиқати қонунҳо ва низоми муҷавизгирӣ вобаста ба талаботи СҶТ, мӯҳлати ворид шудан ба ин созмон баррасӣ гардид.

Матлуба Улҷабоева, раиси Ассосиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна дар ин нишаст гуфт, мушкилоти сармоягузорӣ дар кишвар зиёд ба назар мерасад, ҳамзамон дар Тоҷикистон на ҳама соҳибкорон ва сармоягузорон озодона фаъолият доранд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!