Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:42

«Орзуи умри Ҳофизвор». Рисолаи журналисти тоҷик

7 март 2012, 04:04

Дар пешорӯи таҷлили 690 солагии Ҳофизи Шерозӣ ва 100-умин солгарди «Бухорои Шариф», нахустин нашрияи тоҷикӣ рисолаи журналист Азизи Фаттоҳ таҳти унвони «Орзуи умри Ҳофизвор» дар Душанбе ба табъ расид.


Ин китобча ба ҷашни мавлуди лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ эҳдо гардида, сафи садҳо рисолаҳои ба шарҳи ғазалиёти шӯрангези Ҳофиз бахшидашударо пурра кард.

 

Муаллифи рисола дар қисмати «Шаҳдафшони қанди порсӣ» сипосномаи худро ба шеъри Ҳофиз ироа месозад, хаёлан дар канори оби Рукнободу гулгашти мусалло ва хиёбонҳои Шероз сайру саёҳат менамояд, бо шоири малакутӣ роз мегӯяд.

Дар қисмати «Сеҳри Ҳофиз, меҳри Ҳофиз» мавсуф асрори ба Ҳофиз ва мардуми Эрон меҳри беандоза доштани тоҷиконро мекушояд ва сипас таҳти унвони «Насиҳат гӯш кун, ҷоно» қисматеро овардааст, ки он шеъри Ҳофиз тавсиф шудааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!