Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:52

«Bad Pyrmont» дар хидмати олимпичиёни Тоҷикистон

7 март 2012, 09:57

Миёни КМО-и ҶТ ва клиникаи «Bad Pyrmont»-и Олмон  шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.


Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва аз сӯи «Bad Pyrmont» роҳбари муассисаи мазкур, ҷаноби Тетер Миддел ба имзо расониданд. Дар доираи ин шартнома   ҷонибҳо дар соҳаи рушди ҳаракати олимпӣ, тибби варзиш ва ташхиси тиббӣ,  шикастабандии тиббӣ, муолиҷаи барқароркунии курортӣ-санаторӣ барои варзишгарони Тоҷикистон дар Олмон ҳамкорӣ менамоянд.

Феълан, ҷонибҳо барои дар сатҳи баланд омода намудани варзишгарони тоҷик барои иштирок дар бозиҳои олимпии «Лондон 2012» ҳамкориро оғоз намуданд. Ҳамзамон, клиникаи мазкур барои омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тибби варзишии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Гуфта мешавад, ин клиникаи олмонӣ ҳамкориро бо КМОҶТ ба таври имтиёзнок ба роҳ мемонад.

Маврид ба ёдоварист, ки аллакай дар ин клиника варзишгарони шинохтаи тоҷик, ҷоизадори бозиҳои олимпии Пекин- Расул Боқиев, чемпиони ҷаҳон оид ба намуди самбо дар байни ҷавонон- Комроншоҳи Устопириён ва барандаи медали нуқраи бозиҳои литсензионии Осиёӣ- Алишер Гулов ташхиси тиббиро барои давраҳои барқароршавӣ гузаштанд. Дар ин Клиника табобат ва барқароршавии баъди латхӯрӣ ва бемори варзишгарон бо истифода аз навтарин усулҳои тиббӣ ва ташхиси муосир гузаронида мешаванд. Клиника ба таври ройгон тамоми табобати барқароршавии варзишгарони тоҷикро анҷом дода, инчунин 5 нафар мутахассисони соҳаи тибби варзиши Тоҷикистонро барои таҷрибаомӯзӣ мусоидат менамояд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!