Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:07

ҲНИТ новобаста аз бархурд ва муносибати дигарон ба Созишномаи сулҳ содиқ мемонад

9 март 2012, 03:00

Раёсати олии ин ҳизб дар ҷаласаи ғайринавбатии худ (08.03.2012) вазъи сиёсии кишварро баррасӣ намуда, аз хатарҳои ба вуҷудомада ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронии амиқ кард.


Дар баёнияе, ки зимни ин нишаст қабул гардид, аз ҷумла омадааст: «Боиси таассуф аст, ки дар ин марҳала иқдомҳо ва тасмимҳои иштибоҳии мақомоти давлатӣ омили аслии пайдоиши ин хатарҳо гаштаанд».
Зимнан, дар идомаи ин изҳорот омада, ки фишору таъқиби узви ҲНИТ, талош барои номнавис кардани аъзои ҳизб бо муайян кардани макони зисташон, бо ҳар роҳу васила аз сафи ҳизб кашидани аъзо, нашри маводҳои тӯҳматангез ва хусуматдор алайҳи ҳизб ва роҳбарияти он дар расонаҳои давлатӣ намунаи корҳоест, ки ахиран мақомоти давлатӣ тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ҳадафмандона пеш гирифтаанд. Ҳол он, ки дар Санади ҳамдигарбахшӣ равшан омадааст: «Ғазаби Худо ва лаънати мардум ба ононе бод, ки паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовамату мухолафат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд».
Бинобар ин, Раёсати олии ҲНИТ аз Роҳбарияти кишвар талаб менамояд, ки дар ин марҳалаи ҳассос масъулияти худро пеши миллати тоҷик ва аҳду паймонҳои тарафайн дар Созишномаи сулҳ эҳсос намуда, чораҳои лозимиро баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳо, фишорҳо ва амалҳои дигари иғвобарангез алайҳи ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ биандешад. Агар мақомоти давлатӣ даъво доранд, ки барномае ё санаде дар ин маврид ба тасвиб нарасидааст, лозим аст, ки онро дар амал исбот намоянд. Вагарна ҷомеъа воқеиятҳои мухолиф ба ин даъвоҳоро мушоҳида карда истодааст.
Қаблан ҲНИТ дар пайи бӯҳронӣ шудани вазъи кишвар пешниҳод намуда буд, ки ҳокимият ҳарчи зудтар ислоҳоти ҷиддиро оғоз намояд. Мутаассифона, ба ҷойи ислоҳи вазъият, мақомот фишори худро болои ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар карда, бӯҳронҳоро амиқтар менамояд. Ин баёнгари омода набудани қисме аз масъулин ба ислоҳот ва муколамаи миллии пешниҳодшуда мебошад.
Дар имтидоди санад зикр гаштааст, ки раёсати олии ҲНИТ аз аъзо ва ҷонибдорони худ ва ҳар нафаре, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барояш азиз аст, даъват менамояд, ки баҳри ҳифзи ин арзишҳо фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва бародариро дар ҷомеа таҳким бахшанд.
Новобаста аз бархурд ва муносибати дигарон ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҲНИТ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ итминон медиҳад, ки ба аҳду паймони худ нисбати тамоми меъёрҳо ва арзишҳои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ содиқ мондааст ва хоҳад монд.
Раёсати олии ҲНИТ аз роҳбарият, ниҳодҳо ва масъулини ҳизб тақозо мекунад, ки тамоми чораҳои лозимиро дар чорчӯби қонунгузории кишвар барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, инчунин, арзиш ва ормонҳои сулҳу ваҳдати миллӣ биандешад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!