Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

Ифтитоҳи маркази ҳунар барои бонувон. Дар шимоли Тоҷикистон

9 март 2012, 05:32

Дар Хуҷанд маркази ҳунар барои бонувон ифтитоҳ гардид.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аснои кушодашавии ин муассиса раиси вилоят Коҳир Расулзода      иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти боргоҳи ҳунар оғоз бахшид.

Гуфта мешавад, маркази ҳунар барои бонувон бо дастгирии ҳукумат дар назди  шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода шудааст.  Фаъолияти марказ барои  касбомӯзии занону духтарон ва ҳамчунин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқиии онхо равона гардидааст.  Алҳол  дар он  85 нафар духтарон бо омӯхтани  касбҳои гуногун,  аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва машшотагӣ таълим мегиранд.

Манбаъ афзуд, дар ин марказ ба фаъолият шурӯъ намудани  бахши иттилоотӣ ва машварати ҳуқуқиро раиси вилоят мувофиқи мақсад шуморид, зеро минбаъд бонувон метавонанд барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои хеш ройгон аз мутахассисони варзида истифода баранд.

Ҳамзамон, дар маркази тозаэҷод  бонувон метавонанд, маҳорати хешро дар ҷодаи рассомӣ, пайкарасозиву дизайнерӣ  такмил дода, барои омӯхтани касбу ҳунари дархӯри замон талош варзанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!