Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:42

Убайдуллоев ба масъулин амр дод, ки роҳҳои харобгаштаи Душанберо таъмир созанд

9 март 2012, 08:26

Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе зимни баргузории ҷаласае дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт ба масоили корҳои ободонию кабудизоркунӣ, самарнок истифодабарии рӯзҳои боқимонда барои омодасозии шаҳр ба истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ дахл намуд.


 

Номбурда гуфт, дар радифи амалисозии нақшаҳои тасдиқгардида дар сатҳи густурда бо иштироки васеи тамоми ҷамоатчигии шаҳр ва кулли ташкилоту идораҳои дар марзи пойтахт мавҷудбуда ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе ҳашарҳои умумишаҳрӣ баргузор карда шаванд.

Дар ин равобит муқаррар сохт, ки ҳашарҳои умумишаҳрӣ рӯзҳои шанбе бо иштироки сокинон ва роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ва якшанбе бо ширкати мактабиёну донишҷӯёни кулли макотиби таҳсилоту умумию олии муқими шаҳр бо сафарбарсозии онҳо ба минтақаҳои вобасташаванда фаъолона ташкил карда шаванд.

Ҳамзамон, масъалаи таъмири бар асари сардиҳои зимистон харобгардидаи роҳҳои ҳудуди шаҳр бо сафарбарсозии маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ матраҳ намуда, вусъатбахшии корҳоро бо инобати мусоидии боду ҳаво дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр таъкид сохта, афзуд, ки рафти корҳои мутазаккира зери назорати шахсии раиси шаҳр сурат мегиранд.

Дар ҷаласа ҳамзамон баҳри ҳаводорони чорабинии варзишии шаҳрдорӣ - Пойгаи равон, ки 27 марти соли 2012 дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ бори нахуст дар таҷрибаи ин намуди варзиш доир карда мешавад, афзуд, ки барои воридшавӣ ба «Наврӯзгоҳи пойтахт» чиптаҳо бо арзиши 5 сомонӣ роҳандозӣ мегарданд.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!