Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:54

Табодули амвол миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2011 беш аз 200 миллион долларро ташкил дод

9 март 2012, 12:10

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳиро ба ҳузур пазируфт.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, аснои мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.Аз мӯҳтавои ҳамгироиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва хусусан дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки баъди анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ба эъмори нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон шурӯъ намудани ҷониби Эрон қадами устувори навбатии ду кишвари дӯсту ҳамзабон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои судбахш хоҳад буд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳоло 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд. Ҳаҷми мубодилоти молӣ миёни ду кишвар дар соли 2011 ба беш аз 204 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 102% зиёд аст. Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки тибқи имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Эрон бояд аз имрӯза ба маротиб бештар бошад.

Ба ҷуз ин дар мулоқот доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5-уми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон, ки даҳаи сеюми моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!