Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 13:42

Наврӯзро дар пояи манораи Эйфели Фаронса таҷлил менамоянд

13 март 2012, 05:35

Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия рӯзи байнулмилалии Наврӯз таҷлил мегардад.


Тибқи иттилои ВКХ, ин чорабинӣ дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ва бо иштироки намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони бонуфузи доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ, илмӣ, воситаҳои ахбори умум, сафирон ва дипломатҳои сафоратҳои муқими ш. Брюссел, 21 марти соли 2012 дар кохи мавсум ба  “Palais de Colonies” сурат мепазирад.

Манбаъ афзуд, сафорати Тоҷикистон дар Белгия ҷашнгирии иди байналмилалии Наврӯзро дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург дар ш. Брюссел дар толори миллии Сафорат 24 марти соли равон ба нақша гирифтааст.
Сафорат дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии “Наврӯз” 25 марти соли ҷорӣ дар  Париж дар зери манораи Эйфел Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн хоҳад гирифт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!