Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Эмомалӣ Раҳмон озими пойтахти Русия мешавад.19-уми март

16 март 2012, 03:01

Президенти Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар нишасти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба Маскав меравад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, нишасти мазкур рӯзи 19-уми март баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ин сафар якрӯза хоҳад буд ва дар ин нишаст сарони кишварҳои узви иттиҳод ширкат хоҳанд кард. Шоми ҳамон рӯз бошад, Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе бармегардад ва рӯзи 20-уми март дар ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар пойтахт ширкат хоҳад кард.Ёдрас менамоем, Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 10-уми октябри соли 2000 дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона ба тасвиб расида, аз 30-майи соли 2001 қувваи қонунӣ пайдо кардааст. Зимнан, кишварҳои Русия, Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он мебошанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!