Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:02

Кӯлоб: Хисороти молӣ дар пайи барфрезии шадид

16 март 2012, 05:49

Дар аксари навоҳии минтақа аз боридани барф ва фаромадани ярч сокинон зарари зиёд диданд.


Дар ин бора Шодӣ Розиқов, сардори гурӯҳи ҳифзи аҳолии Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб ба хабаргузории Озодагон иброз дошт. Бино ба қавли ӯ, дар деҳаи Одинабойи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар натиҷаи фаромадани ярч 2 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ хароб гардида, хушбахтона зарари ҷисмонӣ ва молӣ ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи иттилои манбаъ, ҳамин русто дар мавзеи хавфнок ҷойгир буда, барои дар оянда кӯчондани аҳли русто, нақшаҳои фаврӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои аз ноҳияи Шӯрообод расида, дар ҷамоати Ёли ноҳия, 2 боми хонаҳои истиқоматӣ, як мағоза ва бинои ҷамоати деҳот низ аз вазнинии барф чаппагардон шуда буд. Аммо бо сабабҳои номаълум, ин ҳолатҳо дар Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи минтақа расман ба қайд гирифта нашудааст. Аввали моҳи март бошад, дар рустои Қарағочи ноҳияи Восеъ дар натиҷаи ярчфароӣ 15 хонаи истиқомтаи сокинон зарари ҷиддӣ дида, 3 сар ҳайвони калони шохдор ва 25 сар чорвои майда ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, дар ин русто 118 оила бо шумули умумии 965 нафар ба сар мебаранд. Тибқи иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллода, ин русто низ дар қайди мавзеъҳои хавфнок буда, кӯчонидани аҳолии он дар нақша мебошад.

Дар ноҳияи Муъминобод бошад, бинои истироҳатгоҳи истеҳсолию таҷрибавии «Бешаи сабз»-и Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб хароб гаштаву зарари расида ба миқдори 26800 сомонӣ баробар аст. Инчунин, бунгоҳи тиббӣ дар рустои Ғарабдараи ҷамоати деҳоти Балховӣ ба маблағи 19600 сомонӣ, бинои мактаби таҳсилоти умумии №15 дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба маблаги 43 ҳазор сомонӣ ва 3 манзили зист дар маркази ноҳия ба маблағи умумии 40500 сомонӣ зарар дидаанд.

Дар ноҳияи Ховалинг дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва вазнинии он 2 адад болопӯши идораи пиллақабулкунӣ ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ, бинои китобхона дар рустои Лоҳутӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар рустои Ҷонбахт ба маблағи 380 ҳазор сомонӣ харобу вайрон гаштаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон бошад, қисман вайрон гаштани 5 манзили зисти одамон расман ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир зарари расида аз ҷониби масъулини ноҳия, ҳисоб карда нашудааст.

Бино ба иттилои муовини сардори ҳамин Ситод, лейтенанти калон Азизмад Юсуфов, дар навоҳии боқии минтақа зарар ба қайд гирифта нашудаанд.

Аммо тибқи хабари ғайрирасмӣ, дар ҳамаи шаҳру навоҳии минтақа бо сабаби боридани барфи зиёд, фаромадани ярч барои сокинони алоҳида зарари моливу иқтисодӣ расидааст. Миқдори зиёди деворҳои ҳавлӣ ва иншооти ёрирасони аҳолӣ   хароб гаштаанд, ки мутаасифона дар ин маврид сокинон ба мақомоти дахлдор муроҷиат накардаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!