Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 июл 2017, 13:40

«Шаҳристон» пас аз як ҳафта ифтитоҳ мешавад

19 март 2012, 03:00

Қарори марбутаи раиси вилояти Суғд «Дар бораи ба истифодадиҳии нақби Шаҳристон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ» ба имзо расид.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», зимнан нақша-чорабиниҳо иборат аз 20 банд тасдиқ шудааст ва ҷиҳати иҷрои он корҳо идома дорад.

 

Манбаъ афзуд, ҷиҳати баргузории чорабинии ифтитоҳи нақб дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан, мавзеъҳои аҳолинишини шаҳр, рангубори биноҳо ва дарахтони шафати роҳ амалӣ гардидааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилоят барномаи  чорабинӣ тарҳрезӣ шуда, дар қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан машғулиятҳои санҷишӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорони вилоят идома дорад.Дар рӯзи баргузории чорабинӣ пешниҳоди растаи ҳунармандон дар назар аст, ки дар ин  самт низ корҳо ҷиҳати интихоби маводу ашёҳо ва расму таомулҳои миллӣ оғоз гардида, нақшаи манзури раста ва мӯҳтавои он тасдиқ шудааст.

Гуфта мешавад, ифтитоҳи нақби Шаҳристон пас аз баргузории ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар назар аст.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!