Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:20

Ғаффоров ғолиби пойгаи Наврӯзӣ гардид

19 март 2012, 07:28

Ҳасан Ғаффоров масофаи 10 километрро дар муддати 23 дақиқаю 40 сония тай намуда, ғолиби дави наврӯзӣ дониста шуд.

Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории  Озодагон иттилоъ дод, 17-уми март дар сар то сари кишвар дави наврӯзи баргузор гардид. Дар шаҳри Душанбе бошад, дави мазкур аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Наврӯзгоҳи пойтахт тӯл кашид.Бино ба иттилои манбаъ, пас аз тай намудани 10 километр варзишгарони зерин ғолиб гардиданд. Миёни мардон зинаи аввалро Ҳасан Ғаффоров ишғол намуд. Ӯ масофаи мазкурро дар муддати 23 дақиқаю 40 сония тай кард. Аҷмал Амриов ғолиби чандкаратаи чунин муобиқот дуюмин шуда ба хати марра расида, масофаи 10 километрро дар муддати 23 дақиқаю 48 сония тай намуд. Сотиболтӣ Ҳайитов бошад, мақоми сеюмро касб намуд.Миёни бонувон нахустин шуда Мӯниса Раҳмонова ба хатти марра расид. Гулноза Аминқулова мақоми дуюмро ишғол кард. Ғолибон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!